Ё Раб, сабабе соз,ки ёрам ба саломат

Ё
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 89

Ё Раб, сабабе соз,ки ёрам ба саломат
Боз ояду бирҳонадам аз банди маломат.

Хоки раҳи он ёри сафаркарда биёред,
То чашми ҷаҳонбин кунамаш ҷойи иқомат.

Фарёд, ки аз шаш ҷиҳатам роҳ бибастанд
Он холу хату зулфу руху оразу қомат.

Имрӯз, ки дар дасти туам, марҳамате кун,
Фардо, ки шавам хок, чӣ суд ашки надомат.

Эй он ки ба тақриру баён дам занӣ аз ишқ,
Мо бо ту надорем сухан, хайру саломат!

Дарвеш, макун нола зи шамшери аҳиббо,
К-ин тоифа аз кушта ситонанд ғаромат.

Дар хирқа зан оташ, ки хами абруи соқӣ
Бармешиканад гӯшаи меҳроби имомат.

Ҳошо, ки ман аз ҷавру ҷафои ту бинолам,
Бедоди латифон ҳама лутф асту каромат.

Кӯтаҳ накунад баҳси сари зулфи ту Ҳофиз,
Пайваста шуд ин силсила то рӯзи қиёмат.

Илова кардани шарҳ