Ғазали шумораи 67
Ё Раб, ин шамъи дилафрӯз зи кошонаи кист?
Ҷони мо сӯхт, бипурсед, ки ҷононаи кист?
Ҳолиё хонабарандози дилу дини ман аст,
То дар оғӯши кӣ мехуспаду ҳамхонаи кист?
Бодаи лаъли лабаш, к-аз лаби ман дур мабод,
Роҳи рӯҳи киву паймондеҳи паймонаи кист?
Давлати суҳбати он шамъи саодатпартав
Бозпурсед, Худоро, ки ба парвонаи кист?
Медамад ҳар касаш афсунею маълум нашуд,
Ки дили нозуки ӯ моили афсонаи кист?
Ё Раб, он шоҳваши моҳрухи зуҳраҷабин
Дурри яктои киву гавҳари якдонаи кист?
Гуфтам: – Оҳ аз дили девонаи Ҳофиз бе ту!
Зери лаб хандазанон гуфт, ки – «Девонаи кист?»