Шоҳидон гар дилбарӣ з-ин сон кунанд

Ш
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 197

Шоҳидон гар дилбарӣ з-ин сон кунанд,
Зоҳидонро рахна дар имон кунанд.

Ҳар куҷо он шохи наргис бишкуфад,
Гулрухонаш дида наргисдон кунанд.

Эй ҷавони сарвқад, гӯе бизан,
Пеш аз он к-аз қоматат чавгон кунанд.

Ошиқонро бар сари худ ҳукм нест,
Ҳар чӣ фармони ту бошад, он кунанд.

Пеши чашмам камтар аст аз қатрае,
Он ҳикоятҳо, ки аз тӯфон кунанд.

Ёри мо чун гирад оғози самоъ,
Қудсиён бар арш даст афшон кунанд.

Мардуми чашмам ба хун оғушта шуд,
Дар куҷо ин зулм бар инсон кунанд?

Хуш баро бо ғусса, эй дил, к-аҳли роз
Айши хуш дар бӯтаи ҳиҷрон кунанд.

Сар макаш, Ҳофиз, зи оҳи нимшаб,
То чу субҳат ойина рахшон кунанд.

Илова кардани шарҳ