Ғазали шумораи 101
Шаробу айши ниҳон чист? Кори бебунёд,
Задем бар сафи риндону ҳар чӣ бодо, бод!
Гиреҳ зи дил бикушо в-аз сипеҳр ёд макун,
Ки фикри ҳеч муҳандис чунин гиреҳ нагшод.
Зи инқилоби замона аҷаб мадор, ки чарх
Аз ин фасона ҳазорон ҳазор дорад ёд.
Қадаҳ ба шарти адаб гир, з-он ки таркибаш
Зи косаи сари Ҷамшеду Баҳман асту Қубод.
Кӣ огаҳ аст, ки Ковусу Кай куҷо рафтанд?
Кӣ воқиф аст, ки чун рафт тахти Ҷам бар бод?
Зи ҳасрати лаби Ширин ҳанӯз мебинам,
Ки лола медамад аз хуни дидаи Фарҳод.
Магар, ки лола бидонист бевафоии даҳр,
Ки то бизоду бишуд, ҷоми май зи каф нанҳод.
Биё, биё, ки замоне зи май хароб шавем,
Магар расем ба ганҷе дар ин харобобод.
Намедиҳанд иҷозат маро ба сайру сафар
Насими боди Мусаллову оби Рукнобод.
Қадаҳ магир чу Ҳофиз, магар ба нолаи чанг,
Ки бастаанд бар абрешими тараб дили шод!