Ғазали шумораи 85
Шарбате аз лаби лаълаш начашидему бирафт,
Рӯи маҳпайкари ӯ сер надидему бирафт.
Гӯйӣ аз суҳбати мо нек ба танг омада буд,
Бор барбасту ба гардаш нарасидему бирафт.
Баски мо фотиҳаву ҳирзи ямонӣ хондем
В-аз паяш сураи «Ихлос» дамидему бирафт.
Ишва доданд, ки бар мо гузаре хоҳӣ кард,
Дидӣ охир, ки чунин ишва харидему бирафт.
Шуд чамон дар чамани ҳусну латофат, лекин
Дар гулистони висолаш начамидему бирафт.
Ҳамчу Ҳофиз ҳама шаб нолаву зорӣ кардем,
К-эй дареғо, ба вадоъаш нарасидему бирафт.