Чу бод азми сари кӯйи ёр хоҳам кард

Ч
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 135

Чу бод азми сари кӯйи ёр хоҳам кард,
Нафас ба бӯйи хушаш мушкбор хоҳам кард.

Ба ҳарза бе маю маъшуқ умр мегузарад,
Батолатам бас, аз имрӯз кор хоҳам кард.

Ҳар оби рӯй, ки андӯхтам зи донишу дин,
Нисори хоки раҳи он нигор хоҳам кард.

Чу шамъи субҳдамам шуд зи меҳри ӯ равшан,
Ки умр дар сари ин кору бор хоҳам кард.

Ба ёди чашми ту худро хароб хоҳам сохт,
Бинои аҳди қадим устувор хоҳам кард.

Сабо куҷост, ки ин ҷони хунгирифта чу гул
Фидои накҳати гесӯйи ёр хоҳам кард.

Нифоқу зарқ набахшад сафои дил, Ҳофиз,
Тариқи риндию ишқ ихтиёр хоҳам кард.

Илова кардани шарҳ