Ғазали шумораи 7
Сӯфӣ биё, ки ойина софист ҷомро,
То бингарӣ сафои майи лаълфомро.
Рози даруни парда зи риндони маст пурс,
К-ин ҳол нест зоҳиди олимақомро.
Анқо шикори кас нашавад, дом бозчин,
К-он ҷо ҳамеша бод ба даст аст домро.
Дар базми давр як-ду қадаҳ даркашу бирав,
Яъне, тамаъ мадор висоли давомро.
Эй дил, шабоб рафту начидӣ гуле зи айш,
Пиронасар бикун ҳунаре нангу номро.
Дар айши нақд кӯш, ки чун обхур намонд,
Одам биҳишт равзаи Доруссаломро.
Моро бар остони ту бас ҳаққи хидмат аст,
Эй хоҷа, бозбин ба тараҳҳум ғуломро.
Ҳофиз муриди ҷоми май аст, эй сабо, бирав,
В-аз банда бандагӣ бирасон шайхи ҷомро.