Ғазали шумораи 225
Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад
В-ин баҳс бо салосаи ғассола меравад.
Май деҳ, ки наварӯси чаман ҳадди ҳусн ёфт,
Кор ин замон зи санъати даллола меравад.
Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд
З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.
Таййи макон бибину замон дар сулуки шеър,
К-ин тифл якшаба раҳи яксола меравад.
Он чашми ҷодувонаи обидфиреб бин,
К-аш корвони сеҳр зи дунбола меравад.
Аз раҳ марав ба шеваи дунё, ки ин аҷуз
Маккора менишинаду муҳтола меравад.
Боди баҳор мевазад аз гулситони шоҳ
В-аз жола бода дар қадаҳи лола меравад.
Ҳофиз, зи шавқи маҷлиси султон Ғиёсидин
Ғофил машав, ки кори ту аз нола меравад.