Соқӣ, биё, ки ёр зи рух парда баргирифт

С
Ҳофизи Шерозӣ

Ғаазли шумораи 86

Соқӣ, биё, ки ёр зи рух парда баргирифт,
Кори чароғи хилватиён боз дар гирифт.

Он шамъи саргирифта дигар чеҳра барфурӯхт
В-он пири солхӯрда ҷавонӣ зи сар гирифт.

Он ишва дод ишқ, ки муфтӣ зи раҳ бирафт
В-он лутф кард дӯст, ки душман ҳазар гирифт.

Зинҳор аз он иборати ширини дилфиреб,
Гӯӣ, ки пистаи ту сухан дар шакар гирифт.

Бори ғаме, ки хотири мо хаста карда буд,
Исодаме Худо бифиристоду баргирифт.

Ҳар сарвқад, ки бар маҳу хур ҳусн мефурӯхт,
Чун ту даромадӣ, пайи кори дигар гирифт.

З-ин қисса ҳафт гунбади афлок пурсадост,
Кӯтаҳназар бибин, ки сухан мухтасар гирифт.

Ҳофиз, ту ин сухан зи кӣ омӯхтӣ, ки бахт
Таъвиз кард шеъри турову ба зар гирифт?

Илова кардани шарҳ