Соқиё, омадани ид муборак бодат

С
Hafez Shirazi

Ғазали шумораи 18

Соқиё, омадани ид муборак бодат
В-он мавоид, ки кардӣ, маравод аз ёдат!

Дар шигифтам, ки дар ин муддати айёми фироқ
Баргирифтӣ зи ҳарифон дилу дил медодат.

Бирасон бандагии духтари раз, гӯ, бадар ой,
Ки даму ҳиммату мо кард зи банд озодат.

Шодии маҷлисиён дар қадаму мақдами туст,
Ҷойи ғам бод ҳар-он дил, ки нахоҳад шодат!

Шукри Эзад, ки зи тороҷи хазон рахна наёфт
Бӯстони суману сарву гулу шамшодат.

Чашми бад дур, к-аз он тафриқаат боз овард
Толеъи номвару давлати модарзодат.

Ҳофиз, аз даст мадеҳ давлати ин киштии Нӯҳ,
В-арна тӯфони ҳаводис бибарад бунёдат.

Илова кардани шарҳ