Ғазали шумоари 110
Пиронасарам ишқи ҷавонӣ ба сар афтод
В-он роз, ки дар дил биниҳуфтам, бадар афтод.
Аз роҳи назар мурғи дилам гашт ҳавогир,
Эй дида, нигаҳ кун, ки ба доми кӣ дарафтод?
Дардо, ки аз он оҳуи мушкини сияҳчашм
Чун нофа басе хуни дилам дар ҷигар афтод.
Аз раҳгузари хоки сари кӯи шумо буд,
Ҳар нофа, ки дар дасти насими саҳар афтод.
Мижгони ту то теғи ҷаҳонгир баровард,
Бас куштаи дилзинда, ки бар якдигар афтод.
Бас таҷриба кардем дар ин дайри мукофот,
Бо дурдкашон ҳар кӣ дарафтод, барафтод.
Гар ҷон бидиҳад, санги сияҳ лаъл нагардад,
Бо тинати аслӣ чӣ кунад, – бадгуҳар афтод.
Ҳофиз, ки сари зулфи бутон дасткашаш буд,
Бас турфа ҳарифест, к-аш акнун ба сар афтод.