Ғазали шумораи 196
Онон ки хокро ба назар кимиё кунанд,
Оё бувад, ки гӯшаи чашме ба мо кунанд?
Дардам ниҳуфта беҳ зи табибони муддаӣ,
Бошад, ки аз хизонаи ғайбаш даво кунанд.
Маъшуқ чун ниқоб зи рух барнамекашад,
Ҳар кас ҳикояте ба тасаввур чаро кунанд?
Чун ҳусн оқибат на ба риндию зоҳидист,
Он беҳ, ки кори худ ба иноят раҳо кунанд.
Бе маърифат мабош, ки дар манязиди ишқ
Аҳли назар муомила бо ошно кунанд.
Ҳолӣ даруни парда басе фитна меравад,
То он замон ки парда барафтад, чиҳо кунанд?
Гар санг аз ин ҳадис бинолад, аҷаб мадор,
Соҳибдилон ҳикояти дил хуш адо кунанд.
Май хур, ки сад гуноҳ зи ағёр дар ҳиҷоб
Беҳтар зи тоате, ки ба рӯю риё кунанд.
Пироҳане, ки ояд аз он бӯйи Юсуфам,
Тарсам, бародарони ғаюраш қабо кунанд.
Бигзар ба кӯйи майкада, то зумраи ҳузур
Авқоти худ зи баҳри ту сарфи дуо кунанд.
Пинҳон зи ҳосидон ба худам хон, ки мунъимон
Хайри ниҳон барои ризои Худо кунанд.
Ҳофиз, давоми васл муяссар намешавад,
Шоҳон кам илтифат ба ҳоли гадо кунанд.