Ғазали шумораи 217
Мусулмонон, маро вақте диле буд,
Ки бо вай гуфтаме, гар мушкиле буд.
Ба гирдобе чу меафтодам аз ғам,
Ба тадбираш умеди соҳиле буд.
Диле ҳамдарду ёре маслиҳатбин,
Ки истизҳори ҳар аҳли диле буд.
Зи ман зоеъ шуд андар кӯйи ҷонон,
Чӣ домангир, ё Раб, манзиле буд.
Ҳунар бе айби ҳирмон нест, лекин
Зи ман маҳрумтар кай соиле буд?
Ба ин ҷони парешон раҳмат оред,
Ки вақте кордоне, комиле буд.
Маро то ишқ таълими сухан кард,
Ҳадисам нуктаи ҳар маҳфиле буд.
Магӯ дигар, ки Ҳофиз нуктадон аст,
Ки мо дидему муҳкам ҷоҳиле буд.