Моҳам ин ҳафта шуд аз шаҳру ба чашмам солест

М
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 68

Моҳам ин ҳафта шуд аз шаҳру ба чашмам солест,
Ҳоли ҳиҷрон ту чӣ донӣ, ки чӣ мушкил ҳолест.

Мардуми дида зи лутфи рухи ӯ дар рухи ӯ
Акси худ дид, гумон бурд, ки мушкин холест.

Мечакад шир ҳанӯз аз лаби ҳамчун шакараш,
Гарчи дар шевагарӣ ҳар мижааш қаттолест.

Эй ки ангуштнамоӣ ба карам дар ҳама шаҳр,
Ваҳ, ки дар кори ғарибон аҷабат эҳмолест.

Баъд аз инам набувад шоиба дар ҷавҳари фард,
Ки даҳони ту дар ин нукта хуш истидлолест.

Мужда доданд, ки бар мо гузаре хоҳӣ кард,
Нийяти хайр магардон, ки муборак фолест.

Кӯҳи андӯҳи фироқат ба чӣ ҳолат бикашад
Ҳофизи хаста, ки аз нола танаш чун нолест?!

Илова кардани шарҳ