Ғазали шумораи 92
Мири ман, хуш меравӣ, к-андар саропо мирамат,
Хуш хиромон шав, ки пеши қадди раъно мирамат.
Гуфта будӣ: «Кай бимирӣ пеши ман, таъҷил чист?»
Хуш тақозо мекунӣ, пеши тақозо мирамат.
Ошиқу махмуру маҳҷурам, бути соқӣ куҷост?
Гӯ, ки бихромад, ки пеши сарви боло мирамат.
Он ки умре шуд, ки то беморам аз савдои ту,
Гӯ: «Нигоҳе кун, ки пеши чашми шаҳло мирамат».
Гуфтаӣ: «Лаъли лабам ҳам дард бахшад, ҳам даво»,
Гоҳ пеши дарду гаҳ пеши мудово мирамат.
Хуш хиромон меравӣ, чашми бад аз рӯйи ту дур!
Дорам андар сар хаёли он, ки дар по мирамат.
Гарчи ҷойи Ҳофиз андар хилвати васли ту нест,
Эй ҳама ҷойи ту хуш, пеши ҳама ҷо мирамат!