Ғазали шумораи 13
Медамад субҳу килла баста саҳоб,
Ассабӯҳ, ассабӯҳ, ё асҳоб!
Мечакад жола бар рухи лола,
Алмудом, алмудом, ё аҳбоб!
Мевазад аз чаман насими биҳишт,
Ҳон, бинӯшед дам ба дам майи ноб.
Тахти зумруд задаст гул ба чаман,
Роҳи чун лаъли оташин дарёб.
Дари майхона бастаанд дигар,
Ифтатиҳ, ё муфаттиҳу-л-абвоб!
Лабу дандон-тро ҳуқуқи намак
Ҳаст бар ҷону синаҳои кабоб.
Инчунин мавсиме аҷаб бошад,
Ки бибанданд майкада ба шитоб,
Бар рухи соқии парипайкар
Ҳамчу Ҳофиз бинӯш бодаи ноб.