Ғазали шумораи 172
Ишқи ту ниҳоли ҳайрат омад,
Васли ту камоли ҳайрат омад.
Бас ғарқаи ҳоли васл, к-охир
Ҳам бар сари ҳоли ҳайрат омад.
Як дил бинамо, ки дар раҳи ӯ
Бар чеҳра на холи ҳайрат омад.
На васл бимонаду на восил,
Он ҷо, ки хаёли ҳайрат омад.
Аз ҳар тарафе, ки гӯш кардам,
Овози суоли ҳайрат омад.
Шуд мунҳазим аз камоли иззат,
Онро, ки ҷамоли ҳайрат омад.
Сар то қадами вуҷуди Ҳофиз
Дар ишқ ниҳоли ҳайрат омад.