Зулфат ҳазор дил ба яке тори мӯ бибаст

З
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 30

Зулфат ҳазор дил ба яке тори мӯ бибаст,
Роҳи ҳазор чорагар аз чор сӯ бибаст.

То ошиқон ба бӯйи насимаш диҳанд ҷон,
Бикшуд нофаеву дари орзу бибаст.

Шайдо аз он шудам, ки нигорам чу моҳи нав
Абрӯ намуду ҷилвагарӣ карду рӯ бибаст.

Соқӣ ба чанд ранг май андар пиёла рехт,
Ин нақшҳо нигар, ки чӣ хуш дар каду бибаст,

Ё Раб, чӣ ғамза кард суроҳӣ, ки хуни хум
Бо наъраҳои қулқулаш андар гулӯ бибаст?

Мутриб чӣ парда сохт, ки дар ҳалқаи самоъ
Бар аҳли вуҷду ҳол дари ҳою ҳӯ бубаст.

Ҳофиз, ҳар он ки ишқ наварзиду васл хост,
Эҳроми тавфи Каъбаи дил бевузӯ бибаст.

Илова кардани шарҳ