Ғазали шумораи 184
Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд,
Гили Одам бисириштанду ба паймона заданд.
Сокинони ҳарами ситру афофи малакут
Бо мани роҳнишин бодаи мастона заданд.
Осмон бори амонат натавонист кашид,
Қуръаи кор ба номи мани девона заданд.
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.
Шукри Эзад, ки миёни ману ӯ сулҳ афтод,
Сӯфиён рақскунон соғари шукрона заданд.
Оташ он нест, ки аз шуълаи ӯ хандад шамъ,
Оташ он аст, ки дар хирмани парвона заданд.
Кас чу Ҳофиз накушод аз рухи андеша ниқоб,
То сари зулфи суханро ба қалам шона заданд.