Ғазали шумораи 142
Дӯстон, духтари раз тавба зи мастурӣ кард,
Шуд суйи муҳтасибу кор ба дастурӣ кард.
Омад аз парда ба маҷлис, арақаш пок кунед,
То нагӯянд ҳарифон, ки чаро дурӣ кард?
Ҷойи он аст, ки дар ақди висолаш гиранд,
Духтаре маст чунин, к-ин ҳама мастурӣ кард.
Муждагонӣ бидеҳ, эй дил, ки дигар мутриби ишқ
«Роҳ»-и мастона заду чораи махмурӣ кард.
На ба ҳафт об, ки рангаш ба сад оташ наравад,
Он чи бо хирқаи зоҳид майи ангурӣ кард.
На шигифт, ар гули табъам зи насимаш бишукуфт,
Мурғи хушхон тараб аз барги гули сурӣ кард.
Ҳофиз, афтодагӣ аз даст мадеҳ, з-он ки ҳасуд
Ирзу молу дилу дин дар сари мағрурӣ кард.