Диле, ки айбнамоясту ҷоми Ҷам дорад

Д
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 119

Диле, ки айбнамоясту ҷоми Ҷам дорад,
Зи хотаме, ки даме гум шавад, чӣ ғам дорад?

Ба хатту холи гадоён мадеҳ хазинаи дил,
Ба дасти шоҳваше деҳ, ки муҳтарам дорад.

На ҳар дарахт таҳаммул кунад ҷафои хазон,
Ғуломи ҳиммати сарвам, ки ин қадам дорад.

Расид мавсими он, к-аз тараб чу наргиси маст
Ниҳад ба пойи қадаҳ, ҳар кӣ шаш дирам дорад.

Зар аз баҳои май акнун, чу гул дареғ мадор,
Ки ақли кул ба садат айб муттаҳам дорад.

Зи сирри ғайб кас огоҳ нест, қисса махон,
Кадом маҳрами дил раҳ дар ин ҳарам дорад?

Дилам, ки лофи таҷарруд задӣ, кунун сад шуғл
Ба бӯйи зулфи ту бо боди субҳдам дорад.

Муроди дил зи кӣ пурсам, ки нест дилдоре,
Ки ҷилваи назару шеваи карам дорад.

Зи ҷайби хирқаи Ҳофиз, чӣ тарф битвон баст,
Ки мо самад талабидему ӯ санам дорад.

Илова кардани шарҳ