Гар майфурӯш ҳоҷати риндон раво кунад

Г
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумоари 186

Гар майфурӯш ҳоҷати риндон раво кунад,
Эзад гунаҳ бибахшаду дафъи бало кунад.

Соқӣ, ба ҷоми адл бидеҳ бода, то гадо
Ғайрат наёварад, ки ҷаҳон пурбало кунад.

Ҳаққо, к-аз ин ғамон бирасад муждаи амон,
Гар солике ба аҳди амонат вафо кунад.

Гар ранҷ пешат ояду гар роҳат, эй ҳаким,
Нисбат макун ба ғайр, ки инҳо Худо кунад.

Дар корхонае, ки раҳи ақлу фазл нест,
Фаҳми заиф ройи фузулӣ чаро кунад?

Мутриб, бисоз парда, ки кас беаҷал намурд
В-он к-ӯ на ин тарона сарояд, хато кунад.

Моро, ки дарди ишқу балои хумор кушт,
Ё васли дӯст, ё майи софӣ даво кунад.

Ҷон рафт дар сари маю Ҳофиз ба ишқ сӯхт,
Исодаме куҷост, ки эҳёи мо кунад?

Илова кардани шарҳ