Ғазали шумораи 39
Боғи маро чӣ ҳоҷати сарву санавбар аст?
Шамшоди хонапарварири мо аз кӣ камтар аст?
Эй нозанинписар, ту чӣ мазҳаб гирифтаӣ,
К-ат хуни мо ҳалолтар аз шири модар аст?
Чун нақши ғам зи дур бибинӣ, шароб хоҳ,
Ташхис кардаему мудово муқаррар аст.
Як қисса беш нест ғами ишқу ин аҷаб,
К-аз ҳар забон, ки мешунавам, номукаррар аст.
Дӣ ваъда дод васламу дар сар шароб дошт,
Имрӯз то чӣ гӯяду бозаш чӣ дар сар аст?
Дар кӯйи мо шикастадилӣ мехаранду бас,
Бозори худфурӯшӣ аз он сӯйи дигар аст.
Шерозу оби Рукнию он боди хушнасим,
Айбаш макун, ки холи рухи ҳафт кишвар аст.
Фарқ аст аз оби Хизр, ки зулмот ҷойи ӯст,
То оби мо, ки манбааш «Аллоҳу акбар» аст.
Мо обрӯи фақру қаноат намебарем,
Бо подшаҳ бигӯй, ки рӯзӣ муқаддар аст.
Ҳофиз, чӣ турфа шохи наботест килки ту,
К-аш мева дилпазиртар аз шаҳду шаккар аст.