Бирав ба кори худ, эй воиз, ин чӣ фарёд аст?

Б
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 35

Бирав ба кори худ, эй воиз, ин чӣ фарёд аст?
Маро фитод дил аз раҳ, туро чӣ афтодаст?

Миёни ӯ, ки Худо офаридааст аз ҳеч,
Дақиқаест, ки ҳеч офарида накшодаст.

Ба ком то нарасонад маро лабаш чун ной,
Насиҳати ҳама олам ба гӯши ман бод аст.

Гадои кӯйи ту аз ҳашт хулд мустағнист,
Асири ишқи ту аз ҳар ду олам озод аст.

Агарчи мастии ишқам хароб кард, вале
Асоси ҳастии ман з-он хароб обод аст.

Дило, манол зи бедоду ҷаври ёр, ки ёр
Туро насиб ҳамин кардаасту ин додаст.

Бирав, фасона махону фусун мадам, Ҳофиз,
К-аз ин фасонаву афсун маро басе ёд аст.

Илова кардани шарҳ