Ба сирри ҷоми Ҷам он гаҳ назар тавонӣ кард

Б
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 144

Ба сирри ҷоми Ҷам он гаҳ назар тавонӣ кард,
Ки хоки майкада куҳли басар тавонӣ кард.

Мабош бе маю мутриб, ки зери тоқи сипеҳр
Бад-ин тарона ғам аз дил бадар тавонӣ кард.

Гули муроди ту он гаҳ ниқоб бигшояд,
Ки хидматаш чу насими саҳар тавонӣ кард.

Гадоии дари майхона турфа иксирест,
Гар ин амал бикунӣ, хок зар тавонӣ кард.

Ба азми марҳалаи ишқ пеш неҳ қадаме,
Ки судҳо кунӣ, ар ин сафар тавонӣ кард.

Ту, к-аз саройи табиат намеравӣ берун,
Куҷо ба кӯйи тариқат гузар тавонӣ кард?

Ҷамоли ёр надорад ниқобу парда, вале
Ғубори раҳ бинишон, то назар тавонӣ кард.

Биё, ки чораи завқи ҳузуру назми умур
Ба файзбахшии аҳли назар тавонӣ кард.

Вале ту, то лаби маъшуқу ҷоми май хоҳӣ,
Тамаъ мадор, ки кори дигар тавонӣ кард.

Дило, зи нури ҳидоят гар огаҳӣ ёбӣ,
Чу шамъ хандазанон тарки сар тавонӣ кард.

Гар ин насиҳати шоҳона бишнавӣ, Ҳофиз,
Ба шоҳроҳи ҳақиқат гузар тавонӣ кард.

Илова кардани шарҳ