Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист

А
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шамораи 64

Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист,
Забон хамӯш, валекин даҳон пур аз арабист.

Парӣ ниҳуфта руху дев дар карашмаи ҳусн,
Бисӯхт ақл зи ҳайрат, ки ин чӣ булъаҷабист.

Дар ин чаман гули бехор кас начид, оре,
Чароғи мустафавӣ бо шарори бӯлаҳабист.

Сабаб мапурс, ки чарх аз чӣ сифлапарвар шуд,
Ки комбахшии ӯро баҳона бесабабист.

Ба ним ҷав нахарам тоқи хонақоҳу работ,
Маро, ки мастаба айвону пойи хум танабист.

Ҷамоли духтари раз нури чашми мост магар,
Ки дар ниқоби зуҷоҷию пардаи инабист.

Ҳазор ақлу адаб доштам ман, эй хоҷа,
Кунун, ки масти харобам, салоҳ беадабист.

Биёр май, ки чу Ҳофиз мудомам истизҳор
Зи гиряи саҳарию ниёзи нимишабист.

Илова кардани шарҳ