Ҷуз остони туам дар ҷаҳон паноҳе нест

Ҷ
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 76

Ҷуз остони туам дар ҷаҳон паноҳе нест,
Сари маро ба ҷуз ин дар ҳаволагоҳе нест.

Адӯ чу теғ кашад, ман сипар бияндозам,
Ки теғи мо ба ҷуз аз нолаеву оҳе нест.

Чаро зи кӯи харобот рӯй бартобам,
К-аз ин беҳам ба ҷаҳон ҳеч расму роҳе нест.

Замона гар бизанад оташам ба хирмани умр,
Бигӯ: Бисӯз, ки бар ман ба барги коҳе нест.

Ғуломи наргиси ҷаммоши он саҳисарвам,
Ки аз шароби ғурураш ба кас нигоҳе нест.

Мабош дар пайи озору ҳар чӣ хоҳӣ, кун,
Ки дар шариати мо ғайр аз ин гуноҳе нест.

Инонкашида рав, эй подшоҳи кишвари ҳусн,
Ки нест бар сари роҳе, ки додхоҳе нест.

Чунин ки аз ҳама сӯ доми роҳ мебинам,
Беҳ аз ҳимояти зулфаш маро паноҳе нест.

Хазинаи дили Ҳофиз ба зулфу хол мадеҳ,
Ки корҳои чунин ҳадди ҳар сиёҳе нест.

Илова кардани шарҳ