Ғазали шумораи 195
Ғуломи наргиси масти ту тоҷдоронанд,
Хароби бодаи лаъли ту ҳушёронанд.
Туро сабову маро оби дида шуд ғаммоз,
В-агарна ошиқу маъшуқ роздоронанд.
Зи зери зулфи дуто чун гузар кунӣ, бингар,
Ки аз ямину ясорат чӣ беқароронанд.
Гузор кун чу сабо бар бунафшазору бибин,
Ки аз татовули зулфат чӣ сӯгворонанд.
Насиби мост биҳишт, эй худошинос, бирав,
Ки мустаҳиққи каромат гуноҳкоронанд.
На ман ба он гули ораз ғазалсарояму бас,
Ки андалеби ту аз ҳар тараф ҳазоронанд.
Ту дастгир шав, эй Хизри пайхуҷаста, ки ман
Пиёда мераваму ҳамраҳон саворонанд.
Биё ба майкадаву чеҳра арғавонӣ кун,
Марав ба савмаа, к-он ҷо сиёҳкоронанд.
Халоси Ҳофиз аз он зулфи тобдор мабод,
Ки бастагони каманди ту растгоронанд.