Ғазали шумораи 125
Шоҳид он нест, ки мӯеву миёне дорад,
Бандаи талъати он бош, ки оне дорад.
Шеваи ҳуру парӣ гарчи латиф аст, вале
Хубӣ он асту латофат, ки фалоне дорад.
Чашмаи чашми маро, эй гули хандон, дарёб,
Ки ба уммеди ту хуш оби равоне дорад.
Гӯи хубӣ кӣ барад аз ту, ки хуршед он ҷо
На саворест, ки дар даст иноне дорад.
Дилнишон шуд суханам, то ту қабулаш кардӣ,
Оре, оре, сухани ишқ нишоне дорад.
Хами абрӯи ту дар санъати тирандозӣ
Бурда аз дасти ҳар он кас, ки камоне дорад.
Дар рахи ишқ нашуд кас ба яқин маҳрами роз,
Ҳар касе бар ҳасаби фикр гумоне дорад.
Бо хароботнишинон зи каромот малоф,
Ҳар сухан вақтею ҳар нукта маконе дорад.
Мурғи зирак назанад дар чаманаш пардасарой,
Ҳар баҳоре, ки ба дунбола хазоне дорад.
Муддаӣ, гӯ, луғазу нукта ба Ҳофиз мафурӯш,
Килки мо низ забонею баёне дорад?