Ғазали шумораи 224
Хушо диле, ки мудом аз пайи назар наравад,
Ба ҳар дараш, ки бихонанд, бехабар наравад.
Тамаъ дар он лаби ширин накарданам авло,
Вале чӣ гуна магас аз пайи шакар наравад?
Саводи дидаи ғамдидаам ба ашк машӯй,
Ки нақши холи туам ҳаргиз аз назар наравад.
Зи ман чу боди сабо бӯйи худ дареғ мадор,
Чаро ки бе сари зулфи туам ба сар наравад.
Дило, мабош чунин ҳарзагарду ҳарҷойӣ,
Ки ҳеч кор зи пешат бад-ин ҳунар наравад.
Макун ба чашми ҳақорат нигоҳ дар мани маст,
Ки обрӯйи шариат бад-ин қадар наравад.
Мани гадо ҳаваси сарвқомате дорам,
Ки даст дар камараш ҷуз ба симу зар наравад.
Ту, к-аз макорими ахлоқи олами дигарӣ,
Вафои аҳди ман аз хотират бадар наравад.
Сиёҳноматар аз худ касе намебинам,
Чӣ гуна чун қаламам дуди дил ба сар наравад?
Ба тоҷи ҳудҳудам аз раҳ мабар, ки бози сафед
Чу боша дар пайи ҳар сайди мухтасар наравад.
Биёр бодаву аввал ба дасти Ҳофиз деҳ,
Ба шарти он ки зи маҷлис сухан бадар наравад.