Хилватгузидаро ба тамошо чӣ ҳоҷат аст?

Х
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 33

Хилватгузидаро ба тамошо чӣ ҳоҷат аст?
Чун кӯи дӯст ҳаст, ба саҳро чӣ ҳоҷат аст?

Ҷоно, ба ҳоҷате, ки туро ҳаст, бо Худой,
К-охир, даме бипурс, ки моро чӣ ҳоҷат аст?

Эй подшоҳи ҳусн, худоро, бисӯхтем,
Охир, суол кун, ки гадоро чӣ ҳоҷат аст?

Арбоби ҳоҷатему забони суол нест,
Дар ҳазрати карим таманно чӣ ҳоҷат аст?

Муҳтоҷи қисса нест, гарат қасди хуни мост,
Чун рахт аз они туст, ба яғмо чӣ ҳоҷат аст?

Ҷоми ҷаҳоннамост замири мунири дӯст,
Изҳори эҳтиёҷи худ он ҷо чӣ ҳоҷат аст?

Он шуд, ки бори миннати маллоҳ бурдаме,
Гавҳар чу даст дод, ба дарё чӣ ҳоҷат аст?

Эй муддаӣ, бирав, ки маро бо ту кор нест,
Аҳбоб ҳозиранд, ба аъдо чӣ ҳоҷат аст?

Эй ошиқи гадо, чу лаби рӯҳбахши ёр
Медонадат вазифа, тақозо чӣ ҳоҷат аст?

Ҳофиз, ту хатм кун, ки ҳунар худ аён шавад,
Бо муддаӣ низоъу муҳоко чӣ ҳоҷат аст?

Илова кардани шарҳ