Ғазали шумораи 208
Хастагонро чу талаб бошаду қувват набувад,
Гар ту бедод кунӣ, шарти мурувват набувад.
Мо ҷафо аз ту надидему ту худ напсандӣ,
Он чи дар мазҳаби арбоби тариқат набувад.
Хира он дида, ки обаш набарад гиряи ишқ,
Тира он дил, ки дар ӯ шамъи муҳаббат набувад
Давлат аз мурғи ҳумоюн талабу сояи ӯ,
З-он ки бо зоғу заған шаҳпари давлат набувад.
Гар мадад хостам аз пири муғон, айб макун,
Шайхи мо гуфт, ки дар савмаа ҳиммат набувад.
Чун таҳорат набувад, Каъбаву бутхона якест,
Набувад хайр дар он хона, ки исмат набувад.
Ҳофизо, илму адаб варз, ки дар маҷшси шоҳ
Ҳар киро нест адаб, лоиқи суҳбат набувад.