Саҳни бустон завқбахшу суҳбати ёрон хуш аст

С
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 43

Саҳни бустон завқбахшу суҳбати ёрон хуш аст,
Вақти гул хуш бод, к-аз вай вақти майхорон хуш аст.

Аз сабо ҳар дам машоми ҷони мо хуш мешавад,
Оре, оре, тиби анфоси ҳаводорон хуш аст.

Ногушуда гул ниқоб, оҳанги реҳлат соз кард,
Нола кун, булбул, ки гулбонги дилафгорон хуш аст.

Мурғи шабхонро башорат бод, к-андар роҳи ишқ
Дӯстро бо нолаи шабҳои бедорон хуш аст.

Нест дар бозори олам хушдилӣ в-ар з-он ки ҳаст,
Шеваи риндию хушбошии айёрон хуш аст.

Аз забони савсани озодаам омад ба гӯш,
К-андар ин дайри куҳан кори сабукборон хуш аст.

Ҳофизо, тарки ҷаҳон гуфтан тариқи хушдилист,
То напиндорӣ, ки аҳволи ҷаҳондорон хуш аст.

Илова кардани шарҳ