Мутриби ишқ аҷаб созу навое дорад

М
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 123

Мутриби ишқ аҷаб созу навое дорад,
Нақши ҳар нағма, ки зад, роҳ ба ҷое дорад.

Олам аз нолаи ушшоқ мабодо холӣ,
Ки хуш оҳангу фараҳбахш ҳавое дорад!

Пири дурдикаши мо, гарчи надорад зару зӯр,
Хуш атобахшу хатопӯш Худое дорад.

Муҳтарам дор дилам, к-ин магаси қандпараст,
То ҳавохоҳи ту шуд, фарри ҳумое дорад.

Аз адолат набувад дур, гараш пурсад ҳол
Подшоҳе, ки ба ҳамсоя гадое дорад.

Ашки хунин бинамудам ба табибон, гуфтанд:
«Дарди ишқ асту ҷигарсӯз давое дорад».

Ситам аз ғамза маёмӯз, ки дар мазҳаби ишқ
Ҳар амал аҷрею ҳар карда ҷазое дорад.

Нағз гуфт он бути тарсобачаи бодапараст:
«Шодии рӯи касе хур, ки сафое дорад».

Хусраво, Ҳофизи даргоҳнишин фотиҳа хонд
В-аз забони ту таманои дуое дорад.

Илова кардани шарҳ