Марҳабо, эй пайки муштоқон, бидеҳ пайғоми дӯст

М
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 62

Марҳабо, эй пайки муштоқон, бидеҳ пайғоми дӯст,
То кунам ҷон аз сари рағбат фидои номи дӯст.

Волаву шайдост доим ҳамчу булбул дар қафас
Тӯтии табъам зи ишқи шаккару бодоми дӯст.

Зулфи ӯ дом асту холаш донаи он дому ман
Бар умеди донае афтодаам дар доми дӯст.

Сар зи мастӣ барнагирад то ба субҳи рӯзи ҳашр,
Ҳар кӣ чун ман дар азал як ҷуръа хӯрд аз ҷоми дӯст.

Бас нагӯям шаммае аз шарҳи шавқи худ, аз он-к
Дарди сар бошад намудан беш аз ин иброми дӯст.

Гар диҳад дастам, кашам дар дида ҳамчун тӯтиё
Хоки роҳе, к-он мушарраф гардад аз ақдоми дӯст.

Майли ман сӯйи висолу қасди ӯ сӯи фироқ,
Тарки коми худ гирифтам, то барояд коми дӯст.

Ҳофиз, андар дарди ӯ месӯзу бедармон бисоз,
З-он ки дармоне надорад дарди беороми дӯст.

Илова кардани шарҳ