Ғазали шумораи 219
Кунун, ки дар чаман омад гул аз адам ба вуҷуд,
Бунафша дар қадами ӯ ниҳод сар ба суҷуд.
Бинӯш ҷоми сабӯҳӣ ба нолаи дафу чанг,
Бибӯс ғабғаби соқӣ ба нағмаи наю руд.
Ба даври гул манишин бе шаробу шоҳиду чанг,
Ки ҳамчу даври бақо ҳафтае бувад маъдуд.
Шуд аз буруҷи раёҳин чу осмон равшан,
Замин ба ахтари маймуну толеъи масъуд.
Зи дасти шоҳиди нозукъизори исодам
Шароб нӯшу раҳо кун ҳадиси Оду Самуд.
Ҷаҳон чу хулди барин шуд ба даври савсану гул,
Вале чӣ суд, ки дар вай на мумкин аст хулуд.
Чу гул савор шавад бар ҳаво Сулаймонвор,
Саҳар, ки мурғ дарояд ба нағмаи Довуд.
Ба боғ тоза кун ойини дини зардуштӣ,
Кунун, ки лола барафрӯхт оташи Намруд.
Бихоҳ ҷоми сабӯҳӣ ба ёди Осафи аҳд,
Вазири мулки Сулаймон Имоди дин* Маҳмуд.
Бувад, ки маҷлиси Ҳофиз ба юмни тарбияташ,
Ҳар он чи металабад, ҷумла бошадаш мавҷуд.
* Имоди дин вазири шоҳ Шайх Абӯисҳоқ аст, ки ба вазири Сулайсон – Осаф ташбеҳ шудааст ва дар зимн ситоиши Абӯисҳоқ аст, ки ӯ ҳам ба мақоми Сулаймон мерасад.