Ғазали шумораи 44
Кунун, ки бар кафи гул ҷоми бодаи соф аст,
Ба сад ҳазор забон булбулаш дар авсоф аст.
Бихоҳ дафтари ашъору роҳи саҳро гир,
Чӣ вақти мадрасаву баҳси кашфи «Кашшоф» аст?!
Фақеҳи мадраса дӣ маст буду фатво дод,
Ки май ҳаром, вале беҳ зи моли авқоф аст.
Ба дурду соф туро ҳукм нест, хуш даркаш,
Ки ҳар чӣ соқии мо кард, айни алтоф аст.
Бибур зи халқу зи анқо қиёси кор бигир,
Ки сити гӯшанишинон зи Қоф то Қоф аст.
Ҳадиси муддаиёну хаёли ҳамкорон
Ҳамон ҳикояти зардӯзу бӯриёбоф аст.
Хамӯш, Ҳофизу ин нуктаҳои чун зари сурх
Нигоҳ дор, ки қуллоби* шаҳр сарроф аст.
* Қуллоб – сурати тоҷикӣ шудаи «қуллаб» дар забони арабӣ аст ва дар форсӣ бо алифи зоид ба кор меравад. Сифати қуллобӣ аз он сохта шудааст. Дар манобеи луғат бо фатҳи қоф, бар вазни баққол низ забт шуда, ки дуруст нест ва як забти қиёсӣ аст.