Ғазали шумораи 26
Зулфошуфтаву хайкардаву хандолабу маст,
Пираҳанчоку ғазалхону суроҳӣ дар даст,
Наргисаш арбадаҷӯю лабаш афсӯскунон,
Ними шаб дӯш ба болини ман омад, бинишаст.
Сар фарогӯши ман оварду ба овози ҳазин
Гуфт: – Эй ошиқи деринаи ман, хобат ҳаст?
Ошиқеро, ки чунин бодаи шабгир диҳанд,
Кофари ишқ бувад, гар нашавад бодапараст.
Бирав, эй зоҳиду бар дурдкашон хурда магир,
Ки надоданд ҷуз ин туҳфа ба мо рӯзи аласт.
Он чи ӯ рехт ба паймонаи мо, нӯшидем,
Агар аз хамри биҳишт аст в-агар бодаи маст.
Хандаи ҷоми маю зулфи гиреҳгири нигор,
Эй басо тавба, ки чун тавбаи Ҳофиз бишикаст.