Зоҳиди зоҳирпараст аз ҳоли мо огоҳ нест

З
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 71

Зоҳиди зоҳирпараст аз ҳоли мо огоҳ нест,
Дар ҳақи мо ҳар чӣ гӯяд, ҷойи ҳеч икроҳ нест.

Дар тариқат ҳар чӣ пеши солик ояд, хайри ӯст,
Бар сироти мустақим, эй дил, касе гумроҳ нест.

То чӣ бозӣ рух намояд, байдақе хоҳем ронд,
Арсаи шатранҷи риндонро маҷоли шоҳ нест.

Чист ин сақфи баланди содаи бисёрнақш?
З-ин муаммо ҳеч доно дар ҷаҳон огоҳ нест.

Ин чӣ истиғност, ё Раб, ин чӣ қодир ҳикмат аст,
К-ин ҳама захми ниҳон ҳасту маҷоли оҳ нест?!

Соҳиби девони мо, гӯйӣ намедонад ҳисоб,
К-андар ин туғро нишони ҳисбатан лиллоҳ* нест?

Ҳар кӣ хоҳад, гӯ биёву ҳар чӣ хоҳад, гӯ бигӯ,
Кибру нозу ҳоҷибу дарбон бад-ин даргоҳ нест.

Бар дари майхона рафтан кори якрангон бувад,
Худфурӯшонро ба кӯйи майфурӯшон роҳ нест.

Ҳар чӣ ҳаст аз қомати носози беандоми мост
В-арна ташрифи ту бар болои кас кӯтоҳ нест.

Бандаи пири хароботам, ки лутфаш доим аст
В-арна лутфи шайху зоҳид гоҳ ҳасту гоҳ нест.

Ҳофиз ар бар садр наншинад, зи олӣ машрабист,
Ошиқи дурдикаш андар банди молу ҷоҳ нест.


* Яъне, дар роҳи Худо, ройгон.

Илова кардани шарҳ