Дӯш меомаду рухсора барафрӯхта буд

Д
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 211

Дӯш меомаду рухсора барафрӯхта буд,
То куҷо боз дили ғамзадае сӯхта буд.

Расми ошиқкушию шеваи шаҳрошубӣ
Ҷомае буд, ки бар қомати ӯ дӯхта буд.

Ҷони ушшоқ сипанди рухи худ медонист
В-оташи чеҳра бад-ин кор барафрӯхта буд.

Гарчи мегуфт, ки зорат бикушам, медидам,
Ки ниҳонаш назаре бо мани дилсӯхта буд.

Куфри зулфаш раҳи дин мезаду он сангиндил
Дар паяш машъале аз чеҳра барафрӯхта буд.

Дил басе хун ба каф овард, вале дида бирехт,
Аллаҳ, Аллаҳ, кӣ талаф карду кӣ андӯхта буд.

Ёр мафрӯш ба дунё, ки басе суд накард,
Он ки Юсуф ба зари носара бифрӯхта буд.

Гуфту хуш гуфт: Бирав, хирқа бисӯзон, Ҳофиз,
Ё Раб, ин қалбшиносӣ* зи кӣ омӯхта буд?


* Қалб – сиккаест, ки иёри зараш камтар аз ҳадди муқаррарӣ бошад ва қалбшиносӣ кори заргарону гавҳарфурӯшон аст, ки сиккаҳоро маҳак мезананд. Шоир мегӯяд: Худоё, ин маъшуқ чӣ тавр фаҳмида, ки муҳаб- бати мо ҳам холис нест? Ё чӣ тавр фаҳмида, ки ин хирқа нишони салоҳу тақво нест!

Илова кардани шарҳ