Дил аз ман бурду рӯй аз ман ниҳон кард

Д
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 137

Дил аз ман бурду рӯй аз ман ниҳон кард,
Худоро, бо кӣ ин бозӣ тавон кард?

Шаби танҳоиям дар қасди ҷон буд,
Хаёлаш лутфҳои бекарон кард.

Чаро чун лола хуниндил набошам,
Ки бо мо наргиси ӯ сар гарон кард.

Киро гӯям, ки бо ин дарди ҷонсӯз
Табибам қасди ҷони нотавон кард?

Бад-он сон сӯхт чун шамъам, ки бар ман
Суроҳӣ гиряву барбат фиғон кард.

Сабо, гар чора дорӣ, вақт вақт аст,
Ки дарди иштиёқам қасди ҷон кард.

Миёни меҳрубонон кай тавон гуфт,
Ки ёри мо чунин гуфту чунон кард?

Адӯ бар ҷони Ҳофиз он накардӣ,
Ки тири чашми он абрӯкамон кард.

Илова кардани шарҳ