Ғазали шумораи 27
Дар дайри муғон омад ёрам қадаҳе дар даст,
Маст аз маю майхорон аз наргиси масташ маст.
Дар наъли саманди ӯ шакли маҳи нав пайдо
В-аз қадди баланди ӯ болои санавбар паст.
Охир, ба чӣ гӯям ҳаст, аз худ хабарам чун нест
В-аз баҳри чӣ гӯям нест, бо вай назарам чун ҳаст?
Шамъи дили дамсозон бинишаст, чу ӯ бархост
В-афғони назарбозон бархост, чу ӯ биншаст.
Гар ғолия хушбӯ шуд, дар гесуи ӯ печид
В-ар вусма камонкаш гашт, дар абруи ӯ пайваст.
Боз ой, ки боз ояд умри шудаи Ҳофиз,
Ҳарчанд ки н-ояд боз тире, ки бишуд аз шаст.