Булбуле хуни диле хӯрду гуле ҳосил кард

Б
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 134

Булбуле хуни диле хӯрду гуле ҳосил кард,
Боди ғайрат ба садаш хор парешондил кард.

Тӯтиеро ба хаёли шакаре дил хуш буд,
Ногаҳаш сели фано нақши амал ботил кард.

Қурратулайни ман – он меваи дил ёдаш бод,
Ки чӣ осон бишуду кори маро мушкил кард.

Сорвон, бори ман афтод, Худоро, мададе,
Ки умеди карамам ҳамраҳи ин маҳмил кард.

Рӯйи хокию нами чашми маро хор мадор,
Чархи фирӯза тарабхона аз ин каҳгил кард.

Оҳу фарёд, ки аз чашми ҳасуди маҳи чарх
Дар лаҳад моҳи камонабруи ман манзил кард.

Назадӣ шоҳруху фавт шуд имкон, Ҳофиз,
Чӣ кунам, бозии айём маро ғофил кард.

Илова кардани шарҳ