Агарчи бода фараҳбахшу бод гулбез аст

А
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 41

Агарчи бода фараҳбахшу бод гулбез аст,
Ба бонги чанг махур май, ки муҳтасиб тез аст.

Суроҳиеву ҳарифе гарат бо чанг афтад„
Ба ақл нӯш, ки айём фитнаангез аст.

Дар остини мураққаъ пиёли пинҳон кун,
Ки ҳамчу чашми суроҳӣ замона хунрез аст.

Ба оби дида бишӯем хирқаҳо аз май,
Ки мавсими вараъу рӯзгори парҳез аст.

Маҷӯй айши хуш аз даври божгуни сипеҳр,
Ки софи ин сари хум ҷумла дурдиомез аст.

Сипеҳри баршуда парвезанест хунафшон,
Ки резааш сари Кисрову тоҷи Парвиз аст.

Ироқу Форс гирифтӣ ба шеъри хуш, Ҳофиз,
Биё, ки навбати Бағдоду вақти Табрез аст.

Илова кардани шарҳ