Ғазали шумораи 104
Ҷамолат офтоби ҳар назар бод!
Зи хубӣ рӯйи хубат хубтар бод!
Ҳумои зулфи шоҳиншаҳпаратро
Дили шоҳони олам зери пар бод!
Касе, к-ӯ бастаи зулфат набошад,
Чу зулфат дарҳаму зеру забар бод!
Диле, к-ӯ ошиқи рӯят набошад,
Ҳамеша ғарқа дар хуни ҷигар бод!
Буто, чун ғамзаат новак фишонад,
Дили маҷрӯҳи ман пешаш сипар бод!
Чу лаъли шаккаринат бӯса бахшад,
Мазоқи ҷони ман з-ӯ пуршакар бод!
Маро аз туст ҳар дам тоза ишқе,
Туро ҳар соате ҳусне дигар бод!
Ба ҷон муштоқи рӯи туст Ҳофиз,
Туро дар ҳоли муштоқон назар бод!