Ғазали шумораи 121
Ҳар он, к-ӯ хотири маҷмӯъу ёри нозанин дорад,
Саодат ҳамдами ӯ гашту давлат ҳамнишин дорад.
Ҳарими ишқро даргаҳ басе болотар аз ақл аст,
Касе он остон бӯсад, ки ҷон дар остин дорад.
Даҳони тангу ширинаш магар муҳри Сулаймон аст,
Ки нақши хотами лаълаш ҷаҳон зери нигин дорад?
Лаби лаълу хати мушкин, чу онаш ҳасту инаш ҳаст,
Бинозам дилбари худро, ки ҳуснаш ону ин дорад.
Ба хорӣ мангар, эй мунъим, заифону наҳифонро,
Ки садри маҷлиси ишрат гадои раҳнишин дорад.
Чу бар рӯи замин бошӣ, тавоноӣ ғанимат дон,
Ки даврон нотавониҳо басе зери замин дорад.
Балогардони ҷону тан дуои мустамандон аст,
Кӣ бинад хайр аз он хирман, ки нанг аз хӯшачин дорад?
Сабо аз ишқи ман рамзе бигӯ бо он шаҳи хубон,
Ки сад Ҷамшеду Кайхусрав ғуломи камтарин дорад.
В-агар гӯяд: «Намехоҳам чу Ҳофиз ошиқе муфлис»,
Бигӯедаш, ки «Султоне гадое ҳамнишин дорад».