Ғазали шумораи 22
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост,
Суханшинос найӣ, ҷони ман, хато ин ҷост!
Сарам ба дунйию уқбӣ фурӯ намеояд,
Таборакаллаҳ аз ин фитнаҳо, ки дар сари мост.
Дар андаруни мани хастадил, надонам, кист,
Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост?
Дилам зи парда бурун шуд, куҷоӣ, эй мутриб?
Бинол, ҳон, ки аз ин парда кори мо ба навост.
Маро ба кори ҷаҳон ҳаргиз илтифот набуд,
Рухи ту дар назари ман чунин хушаш орост.
Нахуфтаам зи хаёле, ки мепазад дили ман,
Хумори садшаба дорам, шаробхона куҷост?
Чунин ки савмаа олуда шуд зи хуни дилам,
Гарам ба бода бишӯед, ҳақ ба дасти шумост.
Аз он ба дайри муғонам азиз медоранд,
Ки оташе, ки намирад ҳамеша, дар дили мост.
Чӣ соз буд, ки дар парда мезад он мутриб,
Ки рафт умру ҳанӯзам димоғ пур зи ҳавост.
Нидои ишқи ту дишаб дар андарун доданд,
Фазои синаи Ҳофиз ҳанӯз пур зи садост.