Туӣ, ки бар сари хубони кишварӣ чун тоҷ

Т
Ҳофизи Шерозӣ

Ғаазли шумораи 97

Туӣ, ки бар сари хубони кишварӣ чун тоҷ,
Сазад, агар ҳамаи дилбарон диҳандат боҷ.

Ду чашми шӯхи ту бар ҳам зада Хитову Ҳабаш,
Ба чини зулфи ту Мочину Ҳинд дода хироҷ.

Баёзи рӯйи ту равшан чу орази рухи рӯз,
Саводи зулфи сиёҳи ту ҳаст зулмати доҷ.

Даҳони шаҳди ту дода ривоҷ оби Хизир,
Лаби чу қанди ту бурд аз наботи Миср ривоҷ.

Аз ин мараз ба ҳақиқат шифо нахоҳам ёфт,
Ки аз ту дарди дил, эй ҷон, намерасад ба илоҷ.

Чаро ҳамешиканӣ, ҷони ман, зи сангдилӣ
Дили заиф, ки бошад ба нозукӣ чу зуҷоҷ?

Лаби ту Хизру даҳони ту оби ҳайвон аст,
Қади ту сарву миён мӯю бар ба ҳайати оҷ.

Фитод дар дили Ҳофиз ҳавои чун ту шаҳе,
Камина зарраи хоки дари ту будӣ коҷ!

Илова кардани шарҳ