Ғазали шумораи 17
Сина аз оташи дил дар ғами ҷонона бисӯхт,
Оташе буд дар ин хона, ки кошона бисӯхт.
Танам аз воситаи дурии дилбар бигудохт,
Ҷонам аз оташи меҳри рухи ҷонона бисӯхт.
Сӯзи дил бин, ки зи бас оташи ашкам дили шамъ
Дӯш бар ман зи сари меҳр чу парвона бисӯхт.
Ошнойӣ на ғариб аст, ки дилсӯзи ман аст,
Чун ман аз хеш бирафтам, дили бегона бисӯхт.
Хирқаи зуҳди маро оби харобот бибурд,
Хонаи ақли маро оташи майхона бисӯхт.
Чун пиёла дилам аз тавба, ки кардам, бишикаст,
Ҳамчу лола ҷигарам бе маю хумхона бисӯхт.
Моҷаро кам куну боз о, ки маро мардуми чашм
Хирқа аз сар бадар оварду ба шукрона бисӯхт.
Тарки афсона бигӯ, Ҳофизу май нӯш даме,
Ки нахуфтем шабу шамъ ба афсона бисӯхт.