Ғазали шумораи 61
Сабо, агар гузаре афтадат ба кишвари дӯст,
Биёр нафҳае аз гесуйи муанбари дӯст.
Ба ҷони ӯ, ки ба шукрона ҷон барафшонам,
Агар ба сӯи ман орӣ паёме аз бари дӯст.
В-агар чунон ки дар он ҳазратат набошад бор,
Барои дида биёвар ғуборе аз дари дӯст.
Мани гадову таманнои васли ӯ? Ҳайҳот!
Магар ба хоб бибинам хаёли манзари дӯст.
Дили санавбариям ҳамчу бед ларзон аст
Зи ҳасрати қаду болои чун санавбари дӯст.
Агарчи дӯст ба чизе намехарад моро,
Ба оламе нафурӯшем мӯе аз сари дӯст.
Чӣ бошад, ар шавад аз банди ғам дилаш озод,
Чу ҳаст Ҳофизи мискин ғулому чокари дӯст.